Хоҳиши Афғонистон рад карда шуд
ANSOR.INFO logo
НОВОСТИ ТАДЖИКИСТАНА  
На главную На главную О сайте О сайте Контакт Контакт Партнерам Партнерам
 
August 2019
ВсПнВтСрЧтПтСб
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
 


Хоҳиши Афғонистон рад карда шуд
Хоҳиши  Афғонистон  рад карда шуд

Хоҳиши Афғонистон рад карда шуд

22 январ, Pressa.tj-Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки дархости роҳбарияти Афғонистонро барои зиёд намудани содироти барқ ба ин кишвар рад кардаанд.

Ӯ зиёд шудани фурӯши барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон рад карда, афзуд, ки воқеан роҳбарияти кишвари ҳамсоя чунин дархост кард, аммо ҷониби Тоҷикистон посух дод, имконият надорад.

Вазири энергетика гуфт, ҳаҷми барқе, ки айни замон ба Афғонистон содир мешавад, ба хотири нигоҳ доштани низом ва хатҳои интиқоли барқ аст. Ӯ нархи як киловат барқи Тоҷикистонро барои Афғонистон 3,7 сент арзёбӣ кард.

Вазир гуфт, дар соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 миллиарду 321 миллион киловат нерӯи барқ содир шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо содироти барқ дар соли гузашта 37,1 фоиз зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон охири моҳи октябри соли гузашта дар мулоқот бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон аз тасмими мақомоти тоҷик барои идомаи содироти нерӯи барқ ба ин кишвар истиқбол карда, сипосгузорӣ намуда буд.



22.01.2015 17:12

Источник: http://pressa.tj


  English Русский Тоҷикӣ
Уровень угрозы в Таджикистане в 2016 увеличителя
 
  www.news-tj.ansor.info © 2019
  RSSRSS
Запрещается распространение материалов
этого сайта без разрешения администрации!
Рейтинг@Mail.ru